Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол ба 18 апрел рост меояд, дар шаҳри Душанбе як қатор иншоот мавриди истифода қарор мегиранд.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла қисмати аввали маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе» иборат аз манзили зисти №1 ва бинои маъмурии №1-и ин иншоот ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ ба ин муносибат дар пойтахт 15 иншоот, аз ҷумла иншооти мансуб ба ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ҶДММ «Султони Кабир» мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин гуфта мешавад, Рӯзи пойтахтро сокинони шаҳр бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта, дар ҳамаи боғҳои фароғату фарҳанги шахри Душанбе сайругашти оммавӣ, намоишгоҳу ярмарка, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои идона доир мегарданд.
Соати 09-00-и рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта ниммарафони навбатии 6-уми байнулмилалӣ оғоз гардида, дар он ба ҷуз сокинони пойтахт, ҳамчунин нмояндагони кишварҳои хориҷӣ низ иштирок мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста