Аз 20 то 25 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия,ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, мақсади чорабинии имсола баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариятҳои иммунизатсия мебошад. Мавзӯи чорабинӣ«Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия!» мебошад. Иммунизатсия ҳамчун яке аз чорабиниҳои муваффақона ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардидааст. Иммунизатсия боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад.
Гуфта мешавад, ҳамасола Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истода аст.
«Дар Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия – 2015, гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз шаклҳои иттилоотӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Инчунин, мизи мудавар бо иштироки намояндаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналхалқӣ ба мисоли Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Оҷонси ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA)ва воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад», - омадааст дар маълумоти Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофи-лактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.
Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо саривақт гузаронидани иммунизатсия кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат мешаванд ва бо дасткашӣ аз иммунизатсия саломатӣ ва ҳаёти кӯдак зери хатар гузошта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста