Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти коршиносон ва гурӯҳи кории мақомоти расмии муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ба гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Русия истирдод шуда буданд, пеш аз муҳлат иҷозаи бозгашт дода шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, мақомоти Русия ба вуруди 115 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории будубош аз ин кишвар хориҷ шуда буданд, иҷозаи вуруд ба қаламравашро додааст, ки 35 нафари онҳо занон мебошанд.
«Аз оғози соли равон беш аз 400 нафар шаҳрвандони қаблан аз қаламрави Русия хориҷшудаи Тоҷикистон пеш аз муҳлат барои бозгашт ба қаламрави ин кишвар иҷоза гирифтанд», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 1 январи соли 2015 барои риоя накардани қонунҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста