Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 23 то 30 апрели соли 2015 тариқи сомонаи шаҳрдорӣ 5 лоиҳаи рамзи Ваҳдати миллиро барои назарсанҷӣ пешниҳод менамояд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаҳои мазкур тибқи муқаррарот ва дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия гардида баҳри ба шаҳри зебоманзару дилписанди сайёра мубаддал гардонидани шаҳрамон нигаронида шудаанд.
Аз ҳамагон хоҳиш карда мешавад, нисбати лоиҳаҳое, ки пешниҳод мегарданд, тавассути бахши «Пурсиш»-и сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj изҳори назар намуда, дар интихоби рамзи беҳтарини Ваҳдати миллӣ, ки дар боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳои шаҳр гузошта хоҳад шуд, иштироки фаъолона намоянд.
Дар лоиҳа таҳти унвони «Авҷ» баландии сутуни маҷмааи рамзи «Ваҳдати миллӣ» 97 метр (ишора ба созишномаи сулҳи тоҷикон 27 июни соли 1997), баландии умумиаш бошад ба 112 метр расида, дар масоҳати 24-гектар замин доман паҳн намудааст. Дар пештоқи даромадгоҳи асосӣ китоби электронии баландиаш 6,4 метр ва паҳноияш 14 метр ҷойгир шудааст, ки таърихи истиқлолият ва ба ваҳдат расидани миллатамонро инъикос менамояд.

Сохтмони маҷмааи рамзи Ваҳдати миллӣ тибқи лоиҳаи «Нур» дар боғи «Дӯстии халқҳо ва дар баландии тақрибан 80 метри иншоот сохтмони майдон барои тамошои гирду атроф ва қаҳвахона пешбинӣ мешавад.

Муҷассамаи Ваҳдати пешниҳодгардида тибқи лоиҳаи «Соф» 97 метр баландӣ дорад. Ин муҷассама мӯҳташам буда, метавон дар дохили он ҳам тарабхона, ҳам ҷойи осорхонаи «Дӯстӣ», маҷлисгоҳ ва дигар иншооти хурду замонавӣ бунёд намуд.

Лоиҳа зери шиори «Тоҷ» 97 метр баландӣ дошта, ҳангоми тартиб додани лоиҳаи «Ваҳдат» ҳамчун асос ғояву мазмуни «Дарахти ҳаёт» гирифта шудааст.

Баландии маҷмааи рамзи «Ваҳдати миллӣ» дар лоиҳаи «Фар» низ 97 метрро ташкил дода, дар ин ҷо низ сохтмони майдон барои тамошои гирду атроф пешбинӣ шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста