Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки дар ошкор намудани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд.
Дар сомонаи расмии Кумита дар ин робита зикр мегардад, ки «ашхоси носипосе дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон дар соҳаи динро нодида гирифта, бо дасисабозӣ ва ба таври қалбакӣ сохтани “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумита дода мешудааст, мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод намуда, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд».
«Кумита аз сару садоҳои рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди “ситонидани андоз барои риш ва ҳиҷоб” бамиёномада изҳори нигаронӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки чунин иқдом ҳаргиз аз ҷониби Кумита сурат нагирифтааст», - изҳори ташвиш мешавад дар хабари сомонаи Кумита.
Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати дучор омадан бо чунин ашхос ба Мақоми ваколатдор оид ба дин – Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ муроҷиат намоянд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста