Рӯзи 1 май дар шаҳраки навбунёди Сайҳун бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сохтмони 10 адад биноҳои истиқоматии 12 ошёна санги асос гузошта шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, тавре зимни муаррифии лоиҳаҳои биноҳои баланошёна таъкид гардид, як қисми ин биноҳои истиқоматӣ то арафаи Наврӯзи соли 2016 ва қисми дигар то моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶДММ «Стройкомплекс», ҶДММ «ПМК - 115», ҶДММ «КММ-44», ҶДММ «Тиниал» ва ғайраҳо бунёд карда мешавад. Биноҳои истиқоматӣ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардида, тибқи нақша дар онҳо ҷойгирсозии марказҳои хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт низ дар назар дошта шудааст.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ таъкид намуд, ки лоиҳаҳо бояд коркард шаванд ва унсурҳои меъмории миллӣ низ дар вақти сохтмон ба назар гирифта шавад.
Таъкид шуд, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта шуда буд ва инак имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин минтақа вусъат меёбанд. Ба таъкиди Раиси вилоят дар ин минтақа зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол ва Қайроққум бо манзилу шароити муосири зиндагӣ таъмин мешаванд. Зеро солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Қайроққуму Чкалов хеле афзуда, шумораашон ба зиёда аз 700 000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишн бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки алҳол ба ин мавзеъ оби нӯшокиву полезӣ оварда шудааст ва корҳо дар самти кашидани хатти ташноб низ оғоз шудааст.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи генералии шаҳраки навбунёд, ки аллакай тасдиқ шудааст, соҳибкорон метавонанд дар бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мактабу марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ саҳми худро гузоранд.
Хотирнишон бояд кард, ки дар шаҳраки Сайҳун 19 микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд.
Ин мавзеи фарох дорои 14 000 га заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1010 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста