Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба анҷом расидани марҳилаи аввал, яъне итмом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90», ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр сурат гирифтааст, бо мақсади вусъати раванди таҷҳизонидани муассисаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, масъулини дахлдор ва пудратчиёни ғолиби озмуни марбутаи шаҳрдорӣ дар ин хусус ҷаласа доир намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо инобати он, ки таҷҳизоти муосири тиббӣ аз рӯи охирин таҷриба ва дастовардҳои ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ аз рӯи 27 лот харидорӣ мегарданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки дилхоҳ таҷҳизот мувофиқ ба шартҳои тендерӣ бояд бевосита аз суъбектҳои истеҳсолкунанда, ки дорои сертификат ва кафолати сифату истифодабаридошта мебошанд, бе миёнаравҳо харидорӣ ва дастрас карда шаванд.
Таъкид шудааст, ки набояд гузошт, то ки аз ин харид, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр баҳри табобат ва ҳифзи саломатии сокинони шаҳр равона шудааст, ширкатҳои миёнарав манфиатдор гарданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста