Имрӯз дар арафаи таҷлили 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони маҷмааи таърихии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» Оксфам ҷоизаҳоро ба ғолибони Озмуни телевизионии «Пешгирӣ ва рафъиҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ» тақдим менамояд.
Дар чорабинии мазкур ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мактаббачагон ва инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб ҳузур хоҳанд дошт.
«Рӯзи Ғалаба ҷашни байналмилалӣ ва маъракаи пуршукӯҳи кишвар мебошад ва тақдими мукофоту ҷоизаҳо дар ҳузури шумораи зиёди ҳозирин фарҳанги омодагӣ ба офатҳои табииро то андозае таҳким мебахшад. Ғайр аз ин, тағйирот дар амалия ва таҷриба, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории самаранок боиси коҳиши назарраси хатар аз офатҳои табиӣ хоҳад гардид», - гуфт директори минтақавии Оксфам дар Тоҷикистон Боян Колундзия.
Мактаббачагон аз 10 мактаби минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз санаи 16-ум то 20-уми апрел дар озмуни телевизионӣ ширкат варзида, маҳорати хешро дар толори мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳри Кӯлоб нишон доданд. Барномаи озмуни телевизионӣ аз саломнома, мушоираи бадеӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, саҳнача дар иҷрои толибилмон, ки характери омӯзишии риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дошт ва инчунин саволу ҷавоб иборат буд.
«Мақсад аз баргузор намудани озмуни телевизионӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ омода намудани онҳо ҳангоми дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳамчунон пешгирии фоҷеаҳои инсонӣ ҳангоми таҳдиду хатари офатҳои табиӣ аст», - гуфт сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Асомиддин Сафаров.
Озмун дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ташкил гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста