Дар доираи идомаи соли роҳҳои обод бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Мастчоҳ - Спитамен оғоз ёфт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо мардуми ин минтақа А.Қодирӣ изҳор дошт, ки эълон гаштани соли 2014 ҳамчун соли роҳҳои обод имконият фароҳам овард то ҳолати 2830 км роҳ беҳтар карда шавад.
Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ дар вилояти Суғд идомаи соли роҳҳои обод эълон гашта, беҳсозии ҳолати зиёда аз 3 ҳазор км роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар доираи соли роҳҳои обод роҳи Бустон - Майдончаи комсомол, ки зиёда аз 20 километрро ташкил медиҳад аз таъмир бароварда шуда, барои равуои сокинон шароити мусоид фароҳам омад.
Ҳамакнун дар идомаи ин тадбири муҳим роҳи аз Майдончаи комсомол то сарҳади ноҳияи Спитамен, ки масофаи умумии он 17 километрро ташкил менамояд, аз таъмири куллӣ бароварда хоҳад шуд.
Корхои роҳсозиро ҶДММ «Суғдроҳ» ба уҳда дошта, барои ин техникаҳои зарурӣ ва мутахассисони соҳа ҷалб карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста