Анонс

- Дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба ифтихори ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ гала-консерти дастаҳои эҷодии кӯдакони шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Роғун, Ҳисор ва Ваҳдат доир мегардад. Оғоз соати 13-00. Воридшавӣ ба консерт ройгон аст;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ консерти хонандагони студияи мусиқии фортепианои пойтахт баргузор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2919 сомонӣ;

1 евро – 6.9807 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.12 42 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1818 – Дар Париж велосипеди нахустин намоиш дода шуд.

1953 – Бори нахуст дастгоҳи тиббии «шуш-дили сунъӣ» муваффақона зимни ҷарроҳӣ дар дили кушода санҷида шуд.

2002 – «Маҳдудиятҳои муваққатӣ»-и вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон ва убури транзитии нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан тавассути қаламрави ҷумҳурӣ бекор карда шуд.

2009 — Суди олии ҶТ афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон Муҳаммади Салимзодаро, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон дар кӯшиши табадддулоти давлатӣ муттаҳам дониста мешуд, ба 29 соли зиндон маҳкум кард.

2011 — Суд фаъолияти Бюро оид ба машваратҳо, ташхиси лингвистикӣ ва таҳқиқоти журналистиро, ки муассиси ҳафтавори «Пайкон» аст, қатъ намуд.

1940 – Зодрӯзи рассом Вафо Назаров.

1942 – Мавлуди оҳангсоз Зокир Нишонов.

1950 – Зодрӯзи рассом Комил Ёдгоров.

1956 – Мавлуди овозхон Мурод Эшонқулов.

1965 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Муҳиддин Табаров.

1981 – Мавлуди варзишгар Шералӣ Маҳмадалиев

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борои кӯтоҳмуддат, имкони раъду барқ ва фаромадани чангу ғубор дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борои кӯтоҳмуддат, имкони раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +3+5, рӯзона +12+17.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +17+22; дар шарқи вилоят шабона -1-6, рӯзона +7+12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва фармадани чангу ғубор дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, имкони раъду барқ дар назар аст.       

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, , борони кӯтоҳмуддат, имкони раъду барқ дар назар аст.    

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +27+29.