Рӯзи 6 май дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат, ки дар солҳои ин ҷанг ғалабаро таъмин намуданд, мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба ин муносибат ҷамъомадро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо 70-умин солгарди Иди бузурги Ғалаба табрик намуд.
Баъди табрикоти самимӣ, масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ботури Олуфта ба тамоми ҷанг кӯмакпулии сарвари давлат,- 1500 сомониро супорид.
Ҳамчунин сардори Раёсати кор бо занони ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазор сомонӣ ва ба собиқадорони меҳнати ақибгоҳ бошад, 800 сомонӣ супорид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар суханронии худ доири қаҳрамониҳои ин фарзандони содиқи ватан ҳарф зада, изҳор намуд, ки корнамоии ҳар кадоми ин шахсон ҳам дар муҳорибаи ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ намунаи барҷастаи ватандорӣ аст.
Кӯмакпулии яквақтинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 500 сомонӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ 200 сомониро Раҷаббой Ахмадзода супорида, барои онҳо сиҳатмандии бардавом ва давлати пирии нек орзу намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста