Субҳи имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгорӣ барои ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва «Гулхани абадӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, раҳбарияти вилояти Суғд ва ҳамчунин аҳли ҷомеаву сокинони шаҳр маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронии худ раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Ҷанги Бузурги Ватаниро аз ҷангҳои фоҷиабортарини башарият арзёбӣ карда, аз нақши ҷанговарони тоҷик дар таъмини Ғалаба ситоиш кард.
«Мо фахр аз он дорем, ки шумо – собиқадорони ҷанг, диловарони Ватан дар набардҳои шадиди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ далериву шуҷоат нишон дода, алҳол бо таҷрибаи ғанӣ ва зиндагии ибратомӯзатон баҳри таҳкими истиқлолият, озодиву ободӣ, пешрафти Ватани азизамон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ саҳми шоиста доред», – иброз дошт раиси вилоят.
Пас аз маросими гулчанбаргузорӣ назди ҳозирин гузашти низомии хизмтчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мустақар дар маркази вилоят барпо шуд.
Имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд 242 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд, ки 23 нафарашон дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Калонсолтарини онҳо 103 ва хурдсолтаринашон 89 сол доранд.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 1500 сомонӣ, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуданд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар мақомоти шахрдории Кӯлоб ба собиқадорони ҷанг аз номи президенти мамлакат, раиси вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Кӯлоб кумакпулиҳо тақдим карда шуданд.
Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ собиқадорони муассисаи таълимиро табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулллоҳи Рӯдакӣ низ имсол 70-солагиашро ҷашн мегирад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста