Маросими вохӯрӣ ва қабули аксияи «Пойгаи Ғалаба» рӯзи 10 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт назди пояи ёдгории Гулхани абадӣ доир гардид.
Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов, сафирони Русия ва Беларус дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва Олга Гаврук, собиқадорони ҷангу меҳнат ва марзбонони тоҷику рус ширкат варзиданд.
«Тибқи анъанаи роиҷ муште аз хоки сарзамини тоҷикон ба қуттӣ (гилза) гузошта шуда, сипас он барои абадӣ гардонидани хотираи шуҷоату қаҳрамонии мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 40-уми асри гузашта ба Маскав расонида мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан таъкид гардид, ки иштирокдорони маросим ба пояи Гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузошта, аксия бо гузашти тантанавии марзбонони тоҷик хотима ёфт.
Маросими вохӯрӣ ва қабули аксияи «Пойгаи Ғалаба» имрӯз дар шахри Хуҷанд доир гардида, пагоҳ марзбонони тоҷик пойгаро ба марзбонони ӯзбек месупоранд.
Қобили зикр аст, ки рамзи «Пойгаи Ғалаба» дар марзҳои кишварҳои узви ИДМ ва ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.
Соли равон пойга (эстафета) санаи 2 феврали соли 2015 якбора аз ду самт - дар шаҳрҳои Брест (беларус) ва Мурманск (Русия) оғоз гардида, рӯзи 28 май дар шаҳри Маскав ба итмом мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста