Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки соли 2014 коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон идома ёфта, аммо интизор меравад, ки давоми солҳои 2015-2016 бар асари поинравии рушди иқтисод дар Русия, он суст мешавад.
Дар гузориши рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта интишоршудаи БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки тибқи маълумоти расмии мақомоти ҷумҳурӣ, сатҳи камбизоатӣ давоми солҳои 2013-2014 то 34,5% коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, яке аз вижагиҳои камбизоатӣ дар Тоҷикистон хусусияти мавсимӣ доштани он мебошад, ки сатҳи камбизоатӣ метавонад аз як семоҳа то семоҳаи дигар тағйир ёбад ва ин омил муайян кардани қишри камбизоатонро мушкил месозад.
«Тибқи маълумоти таҳқиқи буҷети хонаводаҳо, дар давраи иборат аз 4 семоҳа ҳудуди 50%-и хонаводаҳо ҳеҷ гоҳ камбизоат набуда, наздики 10%-и аҳолӣ ҳамеша мушкили камбизоатӣ доштаанд ва боқимонда 40% аз аз хатти камбизоатӣ гоҳ болову гоҳ поён мераванд», - таъкид мекунанд таҳлилгарони бонк.
Яке аз сабабҳои муҳими тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро коршиносони бонк ба он рабт медиҳанд, ки дар минтақаҳои кишоварзӣ мавсим ба сарчашмаи аввалияи даромади хонаводаҳо таъсир мерасонад.
«Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил барои онҳое, ки маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанду мефурӯшанд, бештар имкони кору даромад ба даст овардан мавҷуд аст, вале дар мавсими маҳдуд шудани фаъолият дар бахши кишоварзӣ, даромадҳо низ кам шуда, шумори одамони имокни истеъмолдошта ҳам ҳам рӯ ба коҳиш меорад», - омадааст дар гузориш.
Зимнан зикр мегардад, ки мавҷудияти корҳо дар бахшҳои ғайрикишоварзӣ ва ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ низ вобаста ба мавсим тағйир ёфта, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ давоми фасли тобистон ва тирамоҳ меафзояд.
«Ҳар семоҳа аксари хонаводаҳои камбизоат аз сатҳи камбизоатӣ берун мешаванд ва бисёре аз хонаводаҳои начандон камбизоат ба он ворид мешаванд, ки ин омил ба мавсим робитаи зич дорад», - гуфта мешавад дар гузориш.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста