Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 7 июн ба муносибати 8-умин солгарди қабули қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Бо такя ба маълумоти маърӯзачиён дар семинари мазкур, мудири шуъбаи Кумитаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 8 соли амали ин қонун бо харҷи умумии 908 млн. сомонӣ дар саросари кишвар 422 ҳазору 669 маросимҳо гузаронида шудаанд.
«Агар хароҷот ба ин чунин маросимҳо то қабули қонун ба инобат гирифта шавад, бо итминони комил метавон гуфт, ки ба туфайли ин қонун аҳолӣ дар ин давра ба ҳадди камтарин 3 млрд. сомонӣ маблағ сарфа кард», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар ин давра ба хотири хайрия 2329 маросими тӯйҳои издивоҷ ва беш аз 40 ҳазор маросими ххатнатӯй баргузор шуда, давоми 8 соли амали қонун, 844 ҳолати риоя нашудани меъёрҳои ин қонун ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки иштирокдорони семинар оид ба беҳтар кардани якчанд моддаҳои қонуни мазкур вобаста ба вақти гузаронидани маросимҳои тантанавӣ, шумори даъватшавандагону ҳамроҳон ва ғайра пешниҳоду тавсияҳо таҳия намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста