Бо гузашти қариб 10 рӯз дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузориҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» барқарор шуд.
Тавре худи корбарони сомонаҳо хабар доданд, ворид шудан ба торнамоҳо рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта имконпазир шудааст. Айни замон сомонахои шабакаҳои иҷтимоии Facebook, «Одноклассники», «ВКонтакте» ва видеохостинги YouTube низ дастрас аст. Корбарон иттилоъ доданд, ки то ҳол дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамсози интернет дастнорас боқӣ мемонад.
Ёдрас мекунем, ки дастрасӣ ба сомонаҳои чанде аз хабаргузориҳои Тоҷикистон рӯзи 28 май баъди дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шудани навори видеоии муроҷиати полковники фирорӣ, собиқ фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимов қатъ шуда, Хадамоти алоқа даст доштани худ дар ин амалро рад карда буд.
Рӯзи 4 июн сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба сомонаҳои чанде аз хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд. Дар изҳороти интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.
«Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзои воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, аз ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад», - қайд шуда буд дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста