Ба фаъолияти тамоми фурӯшгоҳҳову дӯконҳои бозори «Саховат»-и пойтахт, ки чанде қабл баста шуда буданд, дубора иҷозат дода шуд.
Соҳибкорони бозор ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мушкилоти баста будани як қисмате аз бозор баъди нашри муроҷиати савдогарони ин фурӯшгоҳҳову дӯконҳо дар торнамои хабаргузорӣ саривақт мусбат ҳаллу фасл шуд.
Савдогарони фурӯшгоҳҳои пеши бозори «Саховат», ки баста шуда буданд, дар муроҷиат ба «Азия-Плюс» изҳор карда буданд, ки ба онҳо имкони кор дода намешавад. Аксарият аз он шикоят доштанд ки барои тиҷорат қарз гирифтаанд ва маҳсулоти барои савдо харидаашон тез вайрон мешавад.
Бозори «Саховат», воқеъ дар қисмати ҷанубии пойтахт яке аз бозорҳои бузурги маводи ғизойии шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Дар ин бозор деҳқонони навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон маҳсулоти худро ба фурӯш мегузоранд. Моҳи ноябри соли 2010 дар ин бозор сӯхтор сар зада, бар асари он 19 фурӯшгоҳ комилан ба коми оташ рафта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста