Имрӯз палатаи поёнии парлумон тағйирот ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар тағйирот бештар шудани назорати даромадҳои молӣ ва хароҷоти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар пешбинӣ шудааст.
Моҳи ноябри соли 2014 иттилоъ дода шуда буд, ки мутобиқи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Вазорати адлия таҳия шудааст, тамоми бурсҳо ва маблағҳои хайрияи аз сарчашмаҳои хориҷӣ ва байнулмилалии дастрасшуда ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД), бояд дар феҳристи давлатии кумаки башардӯстона ба қайд гирифта шаванд ва ба амалисозии барномаҳои маблағгузоришуда аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар сарчашмаҳо аз хориҷи кишвар, танҳо баъди анҷоми ҷараёни бақайдгирӣ иҷозат дода мешавад.
Баъдтар маълумот дода шуд, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дархосту пешниҳодҳои ТҒД-ро ба инобат гирифта, тағйироти дахлдор ворид намуд, ки мувофиқи он ҳисоботи дастрас шудану истифодаи бурсҳои байнулмилалӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо дар шакли огоҳ кардан ва бидуни сабти ҳатмии он пешниҳод хоҳад шуд.
Аммо то ҷое маълум аст, бо матни таҳрири ниҳоии тағйироту илова ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки ба вакилони парлумон пешниҳод мешавад, ҳеҷ касе аз намояндагони ТҒД шиносу огоҳ нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста