Орзуи ба ҳаҷ рафтани собиқадори 94-солаи Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ) Карим Қурбонов алҳол амалиношуда боқӣ мемонад.
Файзалӣ Қурбонов писари собиқадори ҷанг ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз муроҷиат тариқи ВАО ба президенти мамлакат ҷиҳати мусоидат ба падараш барои адои маросими ҳаҷ алҳол ҳеҷ муроде ҳосил нашудааст.
«Як моҳ қабл мо ба сомонаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, дархост кардем, ки барои ба ҳаҷ сафарбар шудани падарам мусоидат намоянд, вале то ҳол посухе нагирифтаем», - мегӯяд Файзалӣ Қурбонов.
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз пиронсолӣ, вазъи солимии падараш хуб аст ва ӯ барои сафар ба макони муқаддаси Ислом омода аст. «Мо умедворем, ки президент ба дархости мо расидагӣ мекунад», - изҳори умедворӣ кард Ф.Қурбонов.
Ёдрас мекунем, ки мӯйсафеди 94-сола, собиқадори ҷанг, маъюби дараҷаи II Карим Қурбонов ва писари ӯ Файзалӣ Қурбонов рӯзи 15 апрел ба идораи «Азия-Плюс» омада, изҳор дошта буданд, ки кӯшишҳои онҳо барои ба ҳаҷ сафарбар намудани муйсафед бенатиҷа анҷом ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста