Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл ба аёдати оилаи сарбози дар қисми низомии 04080-и дар шаҳри Конибодом фавтида, сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Раҳматов рафта изҳори ҳамдардӣ кард ва ба оилаи онҳо маводи хӯрока дастрас намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорииХуҷанд, ҳамон рӯз раиси шаҳри Хуҷанд ба хабаргирии боз се оилаи ниёзманди шаҳр - оилаҳои Ҳасанов Бӯрибой, Дадобоев Пӯлодҷон ва Ҳабибова Қумрӣ низ рафт, ки рӯзи шанбеи сипаришуда барои гирифтани кӯмак ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буданд.
Гуфта мешавад, ба ҳамаи аёдатшудагон кӯмаки яквақта иборат аз маводи хӯрока расонида шуда, ҳангоми аёдат собиқадорони меҳнат Бӯрибой Ҳасанов ва Қумрӣ Ҳабибова аз Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш намуданд, ки барои бозбинии маблағи нафақааш ва дарёфти ҷойи кори муносиб барои фарзандонашон мусоидат намояд.
Зимнан зикр мегардад, ки раиси шаҳр ба масъулини ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат супориш дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барои ҳалли масалаи пешниҳодшуда чора андешанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста