Дар зарфи панҷ моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 11 ҳазору 429 тӯй ва дигар расму оинҳои миллӣ баргузор шуданд.
Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 5 ҳазору 989 маросими тӯйи издивоҷ ва 2062 тӯйи хатнасур доир гардидааст.
Ба гуфтаи Суҳроб Рустамов, ҳамчунин бо ташаббуси ҳукумати вилоят дар ин муддат дар доираи дастгирии оилаҳои камбизоат 504 маросими тӯйи хатнасур ва 11 маросими тӯйи навхонадорон гузаронида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли номбурда, дар ин давра 40 ҳолати риоя нашудани меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ» ба қайд гирифта шуда, нисбати қонушиканон санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардидаанд.
«Асосан қонуншиканиҳо ба риоя накардани шумори даъватшудагон тибқи қонун ба маросимҳои гуногун рабт доранд», - афзуд Суҳроб Рустамов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста