Китоби донишманди тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон ва муҳаққиқи эронӣ Беҳрӯзи Тоҳирниё таҳти унвони «Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардон (бо такя бар сафарномаҳои аврупоӣ)» дар интишороти «Дафтари хадамоти чопии аз-Заҳро»-и шаҳри Машҳад ба нашр расид.
Дар ин китоб авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардони аврупоӣ мунъакис гардидааст.
Дар сарсухани китоб оварда шудааст, ки: “Дар ин китоб саъй гардидааст, ки танҳо аз кутуби сафарнома истифодаи инҳисорӣ нагардад, балки ба сурати татбиқӣ авзоъ ва аҳволи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр дар қарнҳои XVI-XVIII дар осори таърихӣ ва манобеъу маохизи муҳим низ мавриди баррасӣ қарор гардад ва ҳар ҷо сайёҳон дучори ғаразҳои шахсӣ ва ибҳому заъфи маълумот гардидаанд, бо баррасии кутуби таърихии муҳим аз иштибоҳу хато бикоҳем”.
Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха нашр гашта, барои истифодаи устодон, донишҷӯён, мутахассисони таъриху фарҳанг ва умуми дӯстдорони таърих пешниҳод мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста