Анонс

- Президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015» доир мегардад. Оғоз соати 09-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 7.0252 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1258 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1996 — Таъсиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ).

2001 – Каме дуртар аз Тавилдара 15 нафар кормандони созмони байнулмилалии «Агроаксияи Олмон» аз ҷониби сардори шӯъбаи КҲФ ва МГ-и ин ноҳия Ҳасан Саидаҳмадов гаравгон гирифта шуданд.

2011 — Парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулият падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро маъқул шуморид.

2012 — Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани судяи Суди олии ҶТ Нур Нуров иҷозат дод.

1928-1987 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев.

1928 – Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Раҳим Додихудоев.

1928-2007 – Зодрӯзи профессор Аъзам Пӯлодов.

1935 – Мавлуди журналист Абдулло Ҷонбеков.

1937-2008 – Зодрӯзи адабиётшинос Шамсулло Девонаев.

1942 – Мавлуди гӯштингир Саидмӯъмин Раҳимов.

1942 – Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қарақулов.

1943 – Мавлуди нависанда Фотеҳ Абдулло.

1946 – Зодрӯзи журналист Саидмухтор Олимов.

1947 – Мавлуди Хумдин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилии ҶТ. Моҳи августи соли 2007 аз олам даргузашт.

1951 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наимҷон Маҳкамов.

1954 – Мавлуди шоира Зулфия Атоева.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.