Дар назар аст, ки 25 июни соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус ташриф оварад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар доираи ташриф, ки он бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузории бизнес-вохӯрӣ байни соҳибкорони ду кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, мақсад аз ташрифи меҳмонон ва баргузории бизнес-вохӯрӣ ин пеш аз ҳама густариши муносибатҳои тиҷоратии байни соҳибкорони ду кишвар ва дар ин замина рӯи кор омадани якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба содироту воридоти молҳо аз ҷониби ду тараф мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар назар аст, дар бизнес-вохӯрӣ намояндагони беш аз 15 коргоҳу ширкатҳои номии кишвари Беларус, чун ҶСК “Белшина”, ҶСК “МАЗ”, Коргоҳи фаръии “«Фабрикаи мебелбарории Ружанск»”, комбинати равғанбарории Гомел, ҶДММ “БелЭмса”, ҶСК “Беллакт”, ҶСК “Камвол” ширкат варзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста