Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан ба сатҳи камтарин аз замони роҳандозии ҳисобу китоби оморӣ расида, дар семоҳаи авали соли 2015 ба миқдори 42,4% кам шуд.
Нашрияи «Деловая газета.Юг» дар шарҳи ин хабар менависад, давоми солҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодии солҳои 2008-2009 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони кории тоҷик ҳамагӣ ба андозаи 10-15% коҳиш ёфта буд.
Бо истинод ба маълумоти хабаргузории Интерфакс ин нашрия иттилоъ медиҳад, ки семоҳаи авали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия 19% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил додаст ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи авали соли 2014 ин нишондиҳанда ба 30,8% баробар буд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ин омилро ба сустшавии афзоиши иқтисод ва афзоиши сатҳи бекорӣ рабт медиҳанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, нисбат ба ним сол пештар аввали соли 2015 шумори муҳоҷирони кори тоҷик 200 ҳазор нафар камтарро ташкил додааст.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар зарфи 4 моҳи соли равон муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан 615,6 млн. доллари ИМА ирсол кардаанд , ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 318,6 млн. доллари ИМА ё худ 34,1% камтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста