Рӯзи 22 июн Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон маъқул шуморид.
Лоиҳаи мазкур аз моҳи августи соли 2013 мавриди амалишавӣ қарор дошта, барои афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ин лоиҳа ҳамчунин ба беҳбуди вазъи солимии модарону кӯдакон тавассути санҷиши методи маблағгузорӣ бар асоси натиҷаҳои фаъолият низ равона шудааст, ки дар доираи он ба муассисаҳои тиббии деҳот ҷиҳати афзоиши сатҳи фарогирӣ ва беҳбуди сифати хизматгузориҳои асосии кумаки аввалияти тиббӣ маблағҳои ҳавасмандкунӣ пардохта мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои бахши тандурустии Тоҷикистон айни замон дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо фарогирии 314 муассисаҳои бахши тандурустӣ ва ҳудуди 1,86 млн. нафар аҳолӣ амалӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста