Рӯзи 24 июни соли 2015, дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017 аз ҷониби тарафҳо ба имзо расид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мазкур, дар ин маросим вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - Сумангул Тағойзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Шерхон Салимзода, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон - Азизбек Шарипов, директори минтақавии Бюрои минтақавии Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) барои мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ – ҷаноби Хайнц Коллер, директори Гурўҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои СБМ барои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ - хонум Димитрина Димитрова ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №103 мақул дониста шуда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст, ки Барномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намояд.
Зикр мегардад, ки Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва СБМ оид ба меҳнати арзанда ба афзалиятҳои миллӣ асос ёфта, дар раванди муколамаи машваратӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли Гурўҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои СБМ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия гардидааст. Дар Барномаи нав натиҷаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2011-2013, инчунин натиҷаҳои баҳогузории он аз ҷониби шарикони сетарафа ва ташхисгарони техникии Мозмон ба назар гирифта шудаанд.
Барномаи ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, Стратегияи баланд бардоштни сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва дигар барномаҳои амалкунанда, саҳми муносиб мегузорад.
Барнома дорои самтҳои муҳимтарини афзалиятноки ҳамкорӣ бо СБМ барои солҳои 2015-2017, натиҷаҳои дахлдор, индикаторҳо ва стратегияи татбиқ буда, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузориро дар бар мегирад.
Дар Барномаи мазкур се самтҳои муҳимтарини афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шудааст:
- баланд бардоштани иқтидори шарикони сетарафа дар танзими масъалаҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат ҳангоми муколамаи иҷтимоӣ;
- рушди имкониятҳои шуғли арзандаи мардон ва занон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии баргашта;
- беҳтар намудани шароити меҳнат ва фарохкунии ҳифзи иҷтимоӣ.
Бо татбиқи Барнома самаранокии фаъолияти Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, нерўи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ баланд гардида, ба ҳамкорӣ ҷиҳати башаклдарории шуғлнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ тақвият бахшида мешавад. Имконияти шуғли арзанда барои ҷавонон бо роҳи инкишофи малакаҳои касбӣ ва омўзиши соҳибкорӣ зиёд мегардад. Ҳамзамон низоми миллӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат такмил ёфта, назорати меҳнат пурзўр гардида, ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон тақвият бахшида мешавад. СБМ ба паҳн намудани дониш оид ба масъалаҳои музди меҳнат бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ба ҷараёни ташаккули сиёсат дар соҳаи мазкур мусоидат менамояд.
Барнома оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015 – 2017 аз ҷониби шарикони сетарафа дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Гурўҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати арзанда ва Бюрои СБМ барои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бо дастгирии идораи минтақавии Созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, департаментҳои техникии штаб-квартираи СБМ дар Женева, инчунин Маркази илмии байналмилалӣ дар Турин татбиқ мегардад. Бо Агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ барои барқарор намудани шарикии стратегӣ ва иҷрои натиҷаҳои асосиии Барнома ҳамкориҳо тақвият дода мешаванд. Ҳамоҳангсози миллии СБМ дар Тоҷикистон ҳамоҳангсозии умумии раванди иҷрои Барнома ва муттаҳидсозии кўшишҳои миллӣ ва байналмилалиро, ки ба татбиқи босамари он равона шудааст, таъмин менамояд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста