Соли 2014 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ 32%-ро ташкил дод.
Тибқи таҳқиқоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шудааст, сатҳи камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ дар Тоҷикистон аз 37,4 фоиз то 32 фоиз дар байни солҳои 2012 ва 2014 коҳиш ёфта, меъёри камбизоатии ғизоӣ (ки дар асоси хати камбизоатии озуқаворӣ ба 2.250 килокалория барои як нафар дар як рӯз чен шудааст) аз 20 фоиз дар соли 2012 то ба 16.8 фоиз дар соли 2014 поён рафтааст.
Дар иттилояи Агентии мазкур қайд мешавад, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷСтат), ҳуҷҷати расмӣ ва ёддошти методологиро оид ба камбизоатӣ нашр намуда, марҳилаи муҳимро дар қобилияти назорат ва таҳкимдиҳии талошҳои кишвар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян намуд.
Гуфта мешавад, методологияи нави милии арзёбии камбизоатӣ барои Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2015 аз ҷониби Шӯрои Тоҷикистон оид ба арзёбии камбизоатӣ ва синфи миёнаи (Шӯрои камбизоатӣ) назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба тасвиб расида буд. Усули нав дар таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба арзёбии камбизоатӣ асос меёбад ва дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дастгирии молиявии Департаменти Британияи кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) таҳия гардидааст.
Зикр мегардад, ки методологияи мазкур қадами муҳиме дар тарҳрезӣ ва мониторинги Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ва Стратегияи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 маҳсуб меёбад.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 24 июн иттилоъ дода шуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар Душанбе - 19,9%, ВМКБ - 37,3%, вилояти Хатлон - 37,7%, ноҳияҳои тобеи марказ - 37,8% ва вилояти Суғд - 23,1%-ро ташкил медиҳад. Сатҳи камбизоатии шадид дар Душанбе ба 7,9%, ВМКБ - 18%, вилояти Хатлон - 21,6%, ноҳияҳои тобеи марказ - 21,1% ва вилояти Суғд - 10,1% баробар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста