Санаи 25 июн дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов, даъвати панҷум баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иҷлосия масъалаҳои “Вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пойдории оила ва ташаккули тарзи ҳаёти солим”, “оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” ва “тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр” баррасӣ карда шуд.
Оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини якуми раиси шаҳр Содиқҷон Рустамӣ баромад намуд. Номбурда оиди иваз намудани номи шаҳри “Чкалов” ба номи “Шоҳкант”, иваз намудани номи мактаби санъати шаҳри Чкалов аз номи Рейнольд Морицеевич Глиэр ба номи Шодмон Алифов ва иваз намудани номи кӯчаи Шорс ба номи Ғайбуллоҷон Раҳматуллоев суханронӣ намуда, зикр дошт, ки бо пешниҳоди ҷомеаи меҳнатии шаҳр, хусусан омӯзгорон, табибон ва саноатчиён, ивазшавии номи шаҳри Чкалов ва дигар кӯчаву хиёбонҳо ба мақсади эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Нодира Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста