Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Исфара як қатор иқдомоти хайрия баргузор шуд, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар сокинони шаҳр аз ҳисоби қишри камбизоати аҳолӣ, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои бесаробонмондаро фаро гирифт.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти ҳукумати шаҳр, сохторҳои давлатии гуногун ва намояндагони ҷамоатҳо 495 нафар сокинони шахрро аёдат намуда, ба онҳо маҳсулоти ғизойӣ, кумаки якдафъаинаи моддӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд. «Ба ин иқдом вакилони маҷлисҳои вилоят ва шаҳр, корхонаву ташкилот ва ҳамчунин соҳибкорон низ саҳм гузоштанд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи И.Тешаев, бо қарори раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода, ба 42 нафар сокинон аз қишри камбизоати аҳолӣ дар ҳаҷми 8400 сомонӣ кумаки моддӣ ва ба 290 нафар бо маҳсулоти ғизойӣ кумак расонида шуда, дар маҷмӯъ 20 тонна орд, 3 тонна равған ва 3 тонна биринҷ тақсим карда шуд.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин иқдоми хайрия аз ҳама бештар соҳибкорон саҳм гузошта, аз ҷониби онҳо ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ ва хонаи кӯдакони шаҳраки Шӯроб 2,5 тонна орд, 250 кило равған ва 250 кило биринҷ тақдим карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста