Рӯзи 28 июни соли ҷорӣ 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ бо сабаби манъи вурудашон ба қаламрави Русия он ҷо дармонда буданд, бомуваффақият ба Ватан баргаштанд.
Намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Россия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони мазкур барои убур намудани сарҳад ба минтақаҳои сарҳадии Россия ва Абхазия рафта, ҳангоми бозгашт бо сабаби манъ будани вурудашон ба ҳудуди Россия дигар ба ин кишвар роҳ дода нашуданд. Бар замми ин, бинобар набудани хатсайри мустақим байни Абхазия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон имкон надошт. Дар натиҷа шаҳрвандони номбурда чанд муддат дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Абхазия ва Осетияи ҷанубӣ қарор дошта, барои дарёфти кӯмак ҷиҳати бозгашт ба Тоҷикистон шахсан, инчунин тавассути Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Краснодар ба Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намуданд.
Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯйхати шаҳрвандони муроҷиаткунандаро таҳия намуда, бо ҳар яки онҳо ва хешовандонашон тамоси телефонӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, макони аниқи ҳамаи муроҷиаткунандагон муайян гардид.
Сипас, бо ёддошти дахлдор ҷиҳати дархости мусоидат ба Вазорати корҳои хориҷии Россия муроҷиат карда шуд. Дар ҷавоб ба дархости мазкур, ҷониби Россия ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои убури транзитии шаҳрвандони дар Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ қарордоштаи кишвари мо аз тариқи қаламрави Россия изҳори омодагӣ намуд.
Ниҳоят, санаи 28 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дастгирии бевоситаи ҷониби Россия, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Краснодар, Дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Россия, Дафтари Раёсати СММ оид ба кор бо гурезагон дар Гурҷистон 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути хатсайри Сочи-Хуҷанд ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки минбаъд аз сафар ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия ва Абхазия ҷиҳати убури сарҳад худдорӣ намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста