Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.
«Ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд шабона - то 21-26, рӯзона - 38-43, вилояти Хатлон - шабона 24-29, рӯзона - 40-45, ноҳияҳои Шаҳритӯсу Қубодиён ва Ҷиликӯл, Панҷ ва минтақаи Панҷи Поён - то 45-47 дараҷа гарм шуда, дар дарёҳои ғизогиранда аз ҳисоби захираҳои барф ва пиряҳо (дарёҳои Вахш, Панҷ, Бартанг, Варзоб, Зарафшон ва ғайра) эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад», - омадааст дар маълумоти мутахассисони муассиса.
Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ (наздикии дарёҳои Сурхоб, Хингоб ва болооби Панҷ) селфароиҳо аз ях (глятсилогӣ) дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста