Имрӯз дар 36 маркази имтиҳонии ҷойгир дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1‑ум имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд.
Бино ба маълумоти Маркази миллии тестии назди президенти ҶТ , дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 41 маркази имтиҳонӣ таъсис дода шудааст ва вобаста аз шумораи умумии довталабони ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо теъдоди марказҳои имтиҳонии дар рӯзҳои аз 1‑ум то 12‑уми июл фаъолият мекарда гуногун аст.
Дар рӯзи аввал мувофиқи маълумоти оморӣ 11 ҳазору 113 довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум дар имтиҳони қисми А бояд иштирок намоянд. Теъдоди умумии довталабони дар ду давра азқайдгузашта зиёда аз 73 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ вобаста аз навъи ихтисоҳо имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ), имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро дар бар мегиранд. Имтиҳони қисми А ва имтиҳони қисми Б-ро Маркази миллии тестӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор менамоянд.
Имтиҳони қисми А, ки дар давоми 6 рӯзи аввал (аз 1‑ум то 6‑уми июл) барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо доир гардида, барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ ба ҳисоб меравад, 3 субтест – 1) забони тоҷикӣ, 2) математика ва 3) таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад.
Имтиҳони қисми Б, ки дар давоми 6 рӯзи баъдӣ (аз 7‑ум то 12‑уми июл) барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо доир мегардад, аз 3 субтест иборат буда, фанҳои имтиҳонии он аз гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аст.
Ёдрас мешавад, ки барои субтестҳои қисми А шумораи имконпазири ҳадди аксари бал 200 ва барои субтестҳои қисми Б шумораи имконпазири ҳадди аксари бал 300 аст. Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари бал барои ҳар ду қисми имтиҳон 500 аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста