Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита бо яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ бо интишори як зумра тавсияҳо аз мардум хостааст, онҳоро тӯли тамоми давраи гармо риоя намоянд.
Аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад , ки меъёри бехатари ҳарорат дар манзили истиқоматӣ нигоҳ дошта шавад. Ин меъёр набояд аз 32 дараҷа рӯзона ва 24 дараҷа шабона зиёд бошад.
Хуҷраҳои манзили истиқоматӣ муддати шаб ва субҳи барвақт шамол дода шавад. Гуфта мешавад, дар вақти гармӣ дар қисмати салқини хона хуфтану истодан тавсия дода мешавад.
Кӯча баромадан аснои гармии тоқатфарсо тавсия дода намешавад. Хамчунин зикр мегардад, ки кӯдаконро дар дохили автомобилҳои дар таваққуфгоҳ гузошташуда нагузоред. Бо оби сард оббозӣ кардан ҳам аз зумраи тавсияҳои вазорати тандурустӣ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ карда буд , ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста