Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа қарор карданд, ки барои адои намози таровеҳ дар масҷид ба ҷавонони синни то 18-сола монеъа эҷод намекунанд.
Сардори Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Абдураҳим Мирзоев зимни суханронӣ дар масҷиди шаҳрии «Муҳаммад» қабл аз намози ҷумъа изҳор дошт, ки мақомоти интизомӣ тасмим гирифтаанд, ки дар моҳи мубораки Рамазон дар масҷидҳо рейд намегузаронанд.
«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба чунин хулоса расиданд, ки барои адои намози таровеҳ ба ҷавонони сини то 18-сола дар ин моҳи шариф монеъ намешаванд. Мо медонем, ки шумори онҳо зиёд аст, вале дар ин моҳи муқаддас инро ба назар намегирем, вале аз имомхатибон хоҳиш дорем, ки бо анҷоми моҳи Рамазон ҷавонони синни то 18-соларо ба масҷид роҳ надиҳанд», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста