Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 7 июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки имсол моҳи мубораки Рамазон як рӯз камтар аз муҳлати муқарраршуда - 29 рӯз давом мекунад ва ба тахмини ӯ, рӯзи 17 июл таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон дар назар аст.
Ӯ таъкид дошт, ки таҳқиқоти илмии доиргардида нишон доданд, ки моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон, ки тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ қабл аз моҳи Рамазон меоянд, 30 рӯз буданд ва аз ин рӯ, имсол моҳи Рамазон 29 рӯз давом мекунад. «Ин таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби мутахассисони Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академия илмҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд», - иброз дошт муфтӣ.
«Ман шахсан бо хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Арабистони Саудӣ шинос шудам ва онҳо ҳам изҳор кардаанд, ки имсол моҳи шарифи Рамазон аз 29 рӯз иборат аст», - гуфт раиси Шӯрои уламо.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷаласаи рӯзи 9 июл Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иборат аз 25 аъзо ҷамъ омада, бори дигар хулосаи комиссияи махсус барои барои муайян кардани санаи дақиқи Иди Фитро баррасӣ мекунанд. «Танҳо баъди ин Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи Иди Фитрро ба таври расмӣ эълон мекунад», - афзуд С.Абдуқодирзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста