Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз куҷо сарф шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД хабар надорад.
«Агар мо ба ин кор даст медоштем, баъди он ба мо боз 35 млн. доллари ИМА воситаҳои грантӣ ҷудо намекарданд», - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода.
Дар идома вазир ба журналистон тавсия дод, ки «аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат бипурсед, ки ин пулҳо куҷо шудаанд».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 июн президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сохторҳои дахлдор талаб кард, ки бо кадом мақсадҳо харҷ шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД-ро шарҳ диҳанд.
Қобили зикр аст, ки санаи 13 май Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб айбдор кард.
Бозрасонон иттилоъ доданд, ки ҳангоми тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, аломатҳои тақаллуб ва сохтакорӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи онҳон, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кӯмакҳо - Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.
Намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Душанбе дар шарҳи гузориши ОIG-ро изҳор дошт, ки баъд аз ошкор шудани қонуншиканиҳо дар истифодаи кӯмакҳои молии Бунёди глобалӣ, UNDP ин масъаларо бисёр ҷиддӣ гирифт ва аз ин ба баъд робитаро бо дарёфткунандаи кӯмакҳо (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) қатъ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста