Муассисаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон рӯзҳои 12-15 июлро пешгӯӣ мекунад.
Аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин рӯзҳо баъзан ҳарорат то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Ҳарорати беҳад зиёди гармӣ бештар дар вилояти Хатлон эҳсос хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаи мутахассисон, ҳавои атмосферии гарм, ки аз нимҷазираи Арабистон наздик мешавад, ба гармии тоқатфарсо дар ҷумҳурӣ боис мегардад. Обуҳавошиносон «гармои арабӣ» ба он ном гузоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта низ Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон аз беҳад гарм шудани обуҳаво дар Тоҷикистон хабар дода буд. Зикр гардида буд, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита бо яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ бо интишори як зумра тавсияҳо аз мардум хост, онҳоро тӯли тамоми давраи гармо риоя намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста