Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Самара - Душанбеи ширкати «Уралские авиалинии» фавтид. Ҳавопаймо соати 01:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе расид.
Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фавтида сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Б.Мирзокаримови 51-сола мебошад.
Писари 20-сола ӯ, ки бо ҳамин хатсайр ба Душанбе омад, изҳор доштааст, ки тайи 10 соли ахир падараш аз бемории варами шуш азият кашида, чун табибон дигар ба муолиҷаи он умедворӣ намекунанд, тасмим мегиранд, ки ба ватан бармегарданд.
«Аммо ҳангоми парвоз мусофир фавтидааст. Бо ба фурудгоҳи Душанбе расидани ҳавопаймо, ҳамаи хадамоти дахлдор даъват шуда, мутахассисон қайд карданд, ки марг табиӣ буда, сабабаш бемории мард аст. Ҳамсафарон мегӯянд, танҳо пас аз фуруд омадани ҳавопаймо ва онро тарк кардани мусофирон маълум шудааст, ки мард фавтидааст. Пас аз анҷоми ҳамаи тартиботи қабулшуда, ҷасад ба хешону наздиконаш супурда шуд», - зикр кард Шодиев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста