Ҳангоми намози ҷумъаи рӯзи 10 июл дар масҷиди марказии Душанбе варақаҳо дар бораи хатари Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) паҳн карда шуданд.
Се навъи варақаҳо «ДИИШ: ҷиҳод ё қатли мусалмонон», «Исломи ҳақиқӣ ва созмонҳои террористӣ» ва «Ҷиҳод ҳифзи кишвар, сулҳ ва амният» ном доштанд.
Да варақаҳо гуфта мешавад, касоне, ки имрӯз ба ҷиҳод даъват мекунанд, шахсоне мебошанд, ки ватанро аз барои пул фурӯхтаанд ва агар имрӯз онҳо дар Сурияву Ироқ набард кунанд, фардо дар Амрикову Аврупо пайдо хоҳанд шуд.
«Барои пул онҳо ба Тоҷикистон хиёнат карданд ва мардумро ба доми марг кашиданианд. Дар видео наворе пахш шуд, ки дар он яке аз чунин хиёнаткорон ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, вале агар ба симои ҳақиқии ӯ таваҷҷуҳ шавад, мебинем, ки ин як худобехабар аст, ки ба Ислом ҳеҷ муносибате надорад», - баён мегардад дар варақаҳо.
Муаллифон аз он изҳори таассуф мекунанд, ки чанде аз ҷавонон ба ваъдаҳои хиёнаткорон бовар карда, ба ҷанг мераванд ва мардуми осоиштаро дар Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон, Либия ва Яман ба қатл мерасонанд.
Дар робита ба фаъолияти ДИИШ муаллифон чӣ гуна дар қаламрави халифат амал доштани бозори фурӯши ғуломҳоро қайд мекунанд: «Он ҷо мусалмонҳоро ҳамчун ҳайвон хариду фурӯш мекунанд».
Дар варақаҳо хотиррасон мешавад, ки 20 январи соли 2015 барои тамошои бозии футбол 13 кӯдак ба қатл расонида шуда, моҳи феврал дар Мосул китобхона ба коми оташ кашида шуда, беш аз 10 ҳазор китобҳои нодир нобуд карда шуданд.
Гуфта мешавад, ДИИШ занони ҷанговарро таълим додаву омода ва ба қисматҳои душвортарини ҷанг сафарбар менамояд, кӯдаконро бошад, ба куштани асирон маҷбур месозад. Моҳи декабри соли 2014 ҷангиён 150 нафар занонро ба қатл расониданд, чунки онҳо иштирок дар ҷиҳоди фаҳшо (секс)-ро рад карда буданд.
«Мо ба рӯйдодҳо дар Шарқи Наздик бетараф буда наметавонем, зеро онҳо ба кишвари мо ҳам хатар эҷод мекунанд», - зикр мегардад дар варақаҳо.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста