Дар шаҳри Кӯлоб ҷараёни иҷрои барномаи 5-солаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ба маблағи 1 млрд. 46 млн. сомониро, ки аз оғози соли равон оғоз шуд, мавриди таҳлил қарор доданд.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ин барнома барои солҳои 2015-2019 аз панҷ самти асосӣ - рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, зербино, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини захираҳо иборат буда, амалишавии 212 лоиҳаро дар назар дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, давоми нимсолаи аввал дар доираи ин барнома ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ 7 иншоот бунёд шуда, дар 167 иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва бахшҳои маорифу тандурустӣ корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд ва 17 манзили зист мавриди истифода қарор гирифта, дар 1610 бинои чунин манзилҳо корҳо шурӯъ гардидаанд.
«Дар робита ба суръати нисбатан сусти амалисозии барнома гуфта метавонам, ки он ба мушкилоти тадорукотӣ (ташкилӣ) ва таҳияву саривақт пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва иҷозатномавӣ марбут аст», - гуфт манбаъ ва изҳори бовар кард, ки сол то сол суръати корҳо боло рафта, барнома амалӣ хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста