Рӯзи 15 июл дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт маросими гусел ва ба сафар баромадани мотосиклронҳои тоҷик Фарҳод Калонов, Ҷамшед Розиқов ва Фариз Нурмуҳаммедов - иштирокчиёни пойгаи ватандӯстона таҳти унвони «Мо тоҷиконем» баргузор мешавад.
Иштирокчиёни ин пойга тариқи 428 шаҳрҳои 8 кишвари ҷаҳон - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Абхозистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Турманистон 8 ҳазор километро роҳро тай хоҳанд кард.
«Мо хеле умедворем, ки ин иқдом ба афзоиши нуфузу имиҷи Тоҷикистон ва муттаҳид шудани кишварҳо ва мардуми гуногуне, ки қаламрави кишварашонро мо убур мекунем, мусоидат хоҳад кард», - гуфт созмондеҳ ва иштирокчии мотопойга Фарҳод Калонов.

Ба туфайли дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои иштирокчиёни пойга бо тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар вохӯриҳо ташкил карда мешаванд.

«Дар сафар мо бо ҳамватанонамон дар консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳо дидору мулоқот мекунем ва ба ин фикрем, ки бисёриҳо ба вохӯрӣ меоянд, чунки дур аз ватан ҳама инсонҳо пазмони он мешаванд ва мо як қисмате аз Тоҷикистонро бо худ мебарем. Вазифаи мо рӯҳбаланду зиндадил сохтани ҷавонони мо дар хориҷи кишвар аст», - афзуд Калонов.
Қобили зикр аст, ки мотопойгаи «Мо тоҷиконем» бори нахуст доир гардида, муддати як моҳ идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста