Дар Тоҷикистон баҳсҳо сари кадом рӯз ҷашн гирифтани Иди саиди Фитр идома доранд. Ҳарчанд Шӯрои уламо аллакай ҳисобу китоб кард, ки имсол моҳи Рамазон аз 29 рӯз иборат асту дар Тоҷикистон низ чун дар саросари ҷаҳони ислом Иди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад, бархе аз сокинони кишвар то ҳол андеша доранд, ки Иди Рамазон рӯзи 18 июл фаро мерасад.
Рӯҳонии маъруфи тоҷик Домулло Ҳикматулло Тоҷикободӣ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с), моҳҳои мусалмонии Рамазон ва Зул-ҳиҷҷа (дар моҳи Зул-ҳиҷҷа Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад) аз 30 рӯз иборатанд ва агар ба ин гуфтаҳо амал намоем, анҷоми моҳи Рамазон ва ид ба санаи 18 июл рост меояд.
Ба саволи кадом рӯз ҷашн гирифтани Иди Фитр аз ҷониби худи домулло, ӯ посух нагуфта, танҳо илова намуд, ки «мо аз марказ дурем».
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон , имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад. Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 13 июл аъзои Шӯрои уламои иборат аз 25 нафар дар хусуси имсол рӯзи 17 июл ҷашн гирифтани Иди Рамазон қарор қабул карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста