Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҳодисаҳои рӯзҳои ахири даст ба худкушӣ задани занон дар ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати ҶТ, зимни суханронӣ дар семинар-машварат дар ҳамин мавзӯъ муовини сарвазир аз иштирокдорони машварат дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда талаб намуд, ки масъулиятро ба ӯҳда гирифта, муносибати ҷиддӣ намоянд ва оид ба масъалаҳои ба миён омада чораҳои мушшахас андешанд.
Ӯ бар ин назар аст, ки пушти ҳар як ҳодисаи худкушии занон чандин масъалаҳои иҷтимоӣ ниҳон мемонанд. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои як мушкилоти ночиз, вақте ки зан-модар даст ба худкушӣ мезанад, ин нанговартарин гуноҳ мебошад ва мову шумо бояд корҳоеро ба анҷом бирасонем, ки решаи ҳамин нофаҳмиҳо ва омилҳои худкушӣ ва ё ба худкушӣ оварда расониданро ёфта барорем», - гуфтааст ӯ.
Зимни машварат ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳарчанд ҳолати ногувори ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занон тамоюли пастравиро ба худ касб карда бошад ҳам, вале то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста