Анонс

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- Дар бинои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали Вазорати мазкур барпо мешавад. Оғоз соати 10-00;

- Дар бинои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6. 8750 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1170 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1935 – Экспедитсияи аввалини комсомолӣ ба Помир.

2003 – Аз шаҳри Омски Русия беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба он ҷо рафта буданд, ба ватан фиристода шуданд.

2010 — Олими тоҷик Ӯлмас Мирсаидов аз рӯи натиҷаҳои озмуни байнулмилалии илмӣ-технологӣ ба медали тиллои ISESCO сазовор дониста шуд.

2013 — Нисбати соҳибкор ва яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

1900-1967 – Зодрӯзи овозхони опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Залмон Муллоқандов.

1947-2009 – Мавлуди доктори улуми иқтисодӣ Дона Гулмирзоев.

1964 – Зодрӯзи рӯзноманигор Толибшоҳ Саидзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +16+21, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +39+41.