Ба назар мерасад, ки ташвишҳои васоити ахбори умум оид ба монополия шудани бозори иттилоотии кишвар беасос набудаанд. Президенти Тоҷикистон протоколеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».
Дар протоколи рӯзи 30 июн аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон баимзорасида (нусхаи он имрӯз дар ихтиёри ВАО қарор гирифт) зикр мегардад, ки ба ин гуна иттилоот ҳама хабарҳои расмӣ, маълумот дар бораи ҷаласаҳои ҳукумат, сафарҳои кории президент дар дохил ва хориҷи кишвар, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ низ дар дохилу хориҷи кишвар дохил мешаванд.

Қаблан зимни шарҳи ин маълумот раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.
«То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, дар муқаррароти «Ховар» зикр шудааст, ки агентӣ ба паҳнкунии маълумоти расмӣ, яъне ба амрҳои президент, қарори ҳукумат ҳуқуқи хосса (эксклюзивӣ) дорад, лекин ба ҳамагон маълум аст, ки муқаррароти агентии давлатии иттилоотӣ аз қонунҳо, ки ба дастрасии маълумот барои ҳамаи ВАО ҳуқуқи баробар медиҳанд, боло нест», - таъкид дошта буд Н.Қаршибоев.




Теъдоди донишҷён аз Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста