Нимаи дуюми рӯзи 19 июл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзеи осебдидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон боздид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир бо мардуми маҳалли аз офат осебдида вохӯри доир намуда, аз ҳолу аҳволи онхо пурсон шуд. Зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ёдрас мешавад, ки бар асари фаромадани ҳаҷми калони сел ва банд намудани маҷрои дарёи «Ғунд», ҳаҷми оби кӯли сунъӣ, ки дар натиҷаи обхезии 17 июл ба вуҷуд омада буд, баланд гардида, дар натиҷаи кандашавии садди ин кӯли сунъӣ 56 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб гаштанд, аз ҷумла дар деҳаи Барсем 41 адад, дар деҳаи Бердибекобод 3 адад ва дар деҳаи Колхозобод 12 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра зарар дидаанд. Аз ҷониби Президенти мамлакат ва ҳукумати кишвар ба зарардидагон кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ тадриҷан ба эътидол меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста