Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи якмоҳае, ки барои иҷрои уҳдадориҳои узвияти Маҷлиси миллӣ буданашон мегиранд, инчунин маоши якмоҳаи кори асосиашонро ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт мегузаронанд.
Ин тасмим 21 июл дар фарҷоми иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири расонидани кӯмак ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Бадахшон гирифта шуд.
Тавре аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Рањмон ва ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ аз иқдомоти неки роҳбарияти давлат кори басе муҳим ва савоб хоҳад буд.
Зикр гардид, ки бо гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво дар моҳи июл, ки ба об шудани пиряхҳо ва баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо боис гардид, дар минтақаҳои шарқи ҷумҳурӣ ҳодисаҳои табиӣ-техногенӣ ба амал омада, хисороти ҷонию молӣ ба бор овард.
Хусусан дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои 16-18- уми июл бар асари офати табиӣ 56 хона пурра хароб гардида, даҳҳо манзили дигари истиқоматӣ зарар дид. Инчунин, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи масири Хоруғ - Мурғоб ва даҳҳо иншооти дигар осеб диданд. Ҳамзамон дар ноҳияи Ванҷ бар асари омадани сел шаш нафар ва дар ноҳияи Рашт 1 нафар ба ҳалокат расиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста