Толибилмони ягона литсейи русӣ дар шаҳри Душанбе ба дарёфти нахустин медалҳо дар олимпидаи байнулмилалӣ шарафёб гардиданд.
Хонандагони ин муассисаи таълимӣ Юсуфбек Отабеков ва Рустам Абдувоҳидов дар олимпиадаи байнулмилалӣ миёни толибилмони кишварҳои узви ИДМ (5-17 июл, ш. Маскав) аз фанни математика ҷоизаҳо ба даст оварданд. Ин олимпиада бо мусоидати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии Маскав («МИСиС») созмон дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз моҳи марти соли равон хонандагони литсейи №1-и пойтахт дар олипиадаи байнулмилалӣ ба номи Ҷолдасбеков аз фанни математика ба гирифтани медалҳо даст ёфта буданд: Рустам Абдувоҳидов ба медали тилло, Юсуфбек Отабеков ва Олмазхон Шаҳринисо ҳар кадоме ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гардида буданд.
Қобили зикр аст, ки нахустин литсейи русии тамоили таълими физикаву математика дар Душанбе моҳи феврали соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намуд ва имсол хонандагони ин муассисаи таълимӣ бори нахуст ҷоизаҳои байнулмилалӣ ба даст оварданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста