Муддати 15 рӯз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 1 млн. 331 ҳазор рубл мусоидат намуд.
Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ва суҳбату мулоқот бо раҳбарияти корхонаи истеҳсолу маҳсулоти ширу гӯшту вилояти Маскав, ки дар он беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор будаанд, ба муҳоҷирон ба маблағи умумии 1 млн. 174 ҳазор рубл қарздорӣ аз музди меҳнат пардохта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин намояндагӣ ба пардохти маблағи қарздорӣ аз маоши муҳоҷирон Одинабек Лоиқов ва Муҳаммадҷон Қурбонов дар ҳаҷми 124 ҳазор ва 33 ҳазор рубл, ки дар ҶДММ «Римтек»-и шаҳри Екатеринбург кор мекунанд, низ кумак кард.
«Зимни баррасии чунин муроҷиатҳо раҳбарияти корхонаҳо асосан ба пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон ё саривақт пардохт нашудани он мушкилии молиявии корхонаро сабаб меоранд», - гуфт Аҳмадов ва илова намуд, ки намояндагӣ минбаъд низ ба баррасиву ҳалли ба ин монанд муроҷиатҳои ҳамватанон идома медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста